Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии духтарон таҷлил мешавад, ки овоз, амал ва пешвоии духтаронро афзоиш медиҳад
Publishing date: 13 октябр 2025
Имрӯз дар Душанбе ба муносибати Рӯзи байналмилалии духтарон анҷумани дурӯзаи сатҳи баланд ифтитоҳ шуд. Чорабинии мазкур ҷавонони фаъол, мансабдорони давлатӣ, намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, шарикони рушд ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз саросари Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои пешбурди дурнамои муштарак оид ба тавонмандсозӣ ва пешвоии духтарон гирд овард.
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе брифинги сатҳи баландро бахшида ба Стратегияи нави миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дастгирӣ мекунад
Publishing date: 9 октябр 2025
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Countering terrorism
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкории зич бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузории брифинги сатҳи баландро ҷиҳати муаррифии Стратегияи нави миллӣ оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2026-2041 ва Нақшаи чорабиниҳои он то соли 2030 дастгирӣ намуд.
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе раёсати Гурӯҳи корӣ оид ба рушди иқтисодӣ ва тиҷоратиро ба итмом мерасонад
Publishing date: 8 октябр 2025
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Фаъолияти иқтисодӣ
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷаласаи ҷамъбастии Гурӯҳи корӣ оид ба рушди бахшҳои макроиқтисодӣ, хусусӣ ва молиявӣ ва мусоидат ба тиҷорати минтақавӣ дар назди Шӯрои ҳамоҳангсозии рушдро баргузор ва раисӣ намуд.
Иттиҳоди Аврупо ва САҲА тавонмандии тиббии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хоруғи ВМКБ тақвият медиҳанд
Publishing date: 7 октябр 2025
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо омӯзиши «Тақвияти тавонмандии тиббӣ» барои 29 афсар (15 зан ва 14 марди) Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба итмом расонд.
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷаласаи солонаи Платформаи шарикиро бо ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор кард
Publishing date: 2 октябр 2025
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
Рӯзи 2 октябри соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ҷаласаи солонаи Платформаи шарикиро доир намуд, ки дар он ҳудуди 80 ширкаткунанда – намояндагони ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони САҲА дар ҳар се ҷанбаи амният гирд оварда шуданд.
Бо дастгирии САҲА дар Маркази таълимии минтақавӣ оид ба масъалаҳои маводи тарканда дар Тоҷикистон омӯзиши безараргардонии маводи тарканда оғоз ёфт
Publishing date: 22 сентябр 2025
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Назорати яроқу аслиҳа
22 сентябри соли 2025 дар Маркази таълимии минтақавии безараргардонии маводи таркандаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши пуршиддати сеҳафтаина оид ба безараргардонии маводи тарканда Сатҳи 1 оғоз гардид.
Иттиҳоди Аврупо ва САҲА курси «Таҳкими иқтидори амалиётии саҳроӣ»-ро барои Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ба итмом расонданд
Publishing date: 19 сентябр 2025
Аз 25 август то 19 сентябри соли 2025 дар дастаи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи ВМКБ дар доираи марҳилаи сеюми лоиҳаи «Босуботгардонии минтақаи сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст, омӯзиши чорҳафтаина баргузор гардид.