Иттиҳоди Аврупо ва САҲА тавонмандии тиббии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хоруғи ВМКБ тақвият медиҳанд

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо омӯзиши «Тақвияти тавонмандии тиббӣ» барои 29 афсар (15 зан ва 14 марди) Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба итмом расонд.
Омӯзиш моҳи сентябри соли 2025 дар отряди сарҳадии Хоруғ баргузор шуда, дар чорчӯбаи марҳилаи сеюми лоиҳаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришудаи «Босуботгардонии минтақаи сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон» гузаронида шуд.
Дар давоми омӯзиши чорҳафтаина иштирокчиён малакаҳои худро оид ба ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, захмбандӣ, расмиёти тахлия (эвакуатсия) ва расонидани ёрии аввалияи тиббӣ дар маҳал, ки ба муҳити амалиётӣ мутобиқ карда шудаанд, такмил доданд. Дар омӯзиш инчунин машқҳои тақлидӣ ва омӯзиш аз рӯйи сенария барои таҳкими иқтидори вокуниши амалии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар рафти амалиёт иборат буд.
Ин ташаббус бори дигар ӯҳдадории муштараки Иттиҳоди Аврупо ва САҲА-ро оид ба мусоидат ба амният, устуворӣ ва иштироки фарогири гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдид менамояд.