САҲА дониши мутахассисони тоҷикро дар самти пешбурди сармоягузорӣ такмил медиҳад
Аз 14 то 17 август Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе барои 20 нафар мутахассисони сатҳи миёна то боло (5 зан ва 15 мард) аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ омӯзиш оид ба усулҳои пешбурди сармоягузорӣ ва одоби тиҷоратӣ баргузор намуд. Иштирокчиён инчунин зерсохторҳои дахлдор, аз ҷумла корхонаҳои воҳиди давлатии «Тоҷинвест», Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, Бизнес-инкубатор ва Ассотсиатсияи сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистонро намояндагӣ карданд.
Дар тӯли чаҳор рӯзи омӯзиши амиқ, ширкаткунандагон дар як барномаи фарогир ва амалӣ ҷалб шуданд, ки дониши назариявиро бо машқҳои амалӣ оид ба механизмҳои сармоягузории мустақими хориҷӣ дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он муттаҳид намуд. Онҳо воситаҳои сармоягузории амалиро тавассути кори гурӯҳӣ ва татбиқи амалӣ омӯхта, ҳамзамон таҳкими малакаҳои муоширати байнифардӣ (шахсӣ), аз қабили муоширати байнифарҳангӣ дар сенарияҳои воқеии тиҷоратӣ, ки аз форумҳои байналмилалии сармоягузорӣ ва намояндагиҳои тиҷоратӣ гирифта шудаанд, омӯхтанд.
Машғулиятҳо инчунин чаҳорчӯбҳои меъёрии дастгирии соҳибкорӣ ва корхонаҳои навтаъсис (стартапҳо), аз ҷумла дастрасӣ ба маблағгузорӣ, роҳбаладӣ ва ҳамкории фаромарзӣ, инчунин моделҳои сармоягузорӣ ба монанди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва усулҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракуниро фаро гирифтанд. Ин мубоҳисаҳо нақши афзояндаи молияи устувор ва таҷрибаҳои масъулиятноки сармоягузорӣ дар иқтисодиётҳои (кишварҳои) имрӯзаи ба ҳам алоқамандро таъкид карданд.
Ниҳоят, омӯзиш барои паймоиши (роҳёбӣ дар шароити) (рафъ намудани) тафовутҳои фарҳангӣ дар тиҷорати байналмилалӣ заминаи амалӣ фароҳам оварда, ба иштирокчиён дар баланд бардоштани қобилияти онҳо дар муаррифӣ ва пешбурди лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба шунавандагони гуногун кӯмак расонд.